Табрикот

Раиси Шўрои адлия Азиззода З.Н. кормандони Шўрои адлияро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ  самимона табрик намуда, иброз дошт, ки «боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва бӯҳрони миллӣ қабул гардидани таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон эътирофи Ватани мо ва Роҳбари онро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ афзун гардонида, намунаи беҳамтои ин таҷрибаро барои мамлакатҳои дигар армуғон намуда, имрўз ҳар шахс метавонад бе ягон мамоният аз ҳукуқҳои конститутсионии худ истифодаву дифоъ намояд».

 Ҳамчунин  қайд гардид, ки рушду нуфузисоҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи мо, аз ҷумла устуворшавии ҳокимияти судӣ ва таҳкими адолати судӣ маҳсули ба дастдарории Ваҳдати миллӣ буда, мову Шумо ба қудрати созандагии хеш, пояндагии ваҳдати миллат, пойдории истиқлолият ва ояндаи ободи Ватани азизамон бояд эътимоду боварӣ дошта, ин маҳсули бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, онро ба наслҳои ояндаи хеш расонем.

Дар охир Азиззода З.Н. кормандони дастгоҳи Шўрои адлия ва судҳои ҷумҳуриро бо Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, барояшон тани сиҳату умри дарози пурбаракат, бахту саодат, хушбахтиҳои оилавӣ, оромию субот, ободии мулк ва комёбиҳои беназирро таманно намуд.

jrumi @ 13:48

There is no comment for this post.

Оставить комментарий

(обязательно)

(обязательно)


Instruction for comments :

You can use these tags:
XHTML: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>



RSS Feed for comments | TrackBack URI